Даст аз талаб надорам то коми ман барояд
Ё тан расад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд
Бигшой турбатамро баъд аз вафоту бингар
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд
Бинмой рух ки халқе вола шаванду ҳайрон
Бигшой лаб ки фарёд аз марду зан барояд
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил ки аз лабонаш
Нагрифта ҳеҷ коме ҷон аз бадан барояд
Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам
Худ коми тангдастон кай з-он даҳан барояд
Гуянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон
Ҳар ҷо ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд
Ahmad Zohir еще тексты
Оценка текста
Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 3