Дар оғуши ту мемирам! Дар оғуше, ки аз гармии ҷонсӯзи танат сӯзам. Дар оғуше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам, Дар оғуши ту мемирам! Дар оғуше, ки бо раҳми хазонҳо сабзу гулпӯшам! Дар оғуше, ки аз эҳсоси ларзишҳои рӯёиш мадҳушам! Дар оғуше, ки бори зиндагӣ меафтад аз дӯшам! Дар оғуше, ки мегардад ҳама дунё фаромӯшам! Дар оғуше, ки ҷои доду фарёд аст, хомӯшам! Маро ин ганҷ чи давлат аст, ки бо ту ҳамоғушам! Дар оғуши ту мемирам!
Аз он тарсам, ки дар савдоӣ ишқу ошиқи рӯзе, Маро бигзорию дигар касе банди ки чун бошад, Ки чашмаш ҳасрати дунёи дун дорад, На шӯре дар дилу, на синааш завқи ҷунун дорад. Ба он гаҳ ин ҳама дунёи ман кӯр аст, Дигар зистан бароям дар ҷаҳон монандаӣ гӯр аст. Ту бар қасди замону хасми номардон бо ман бош, Маро аз чашми бадбинон дар оғушат панаҳ бинмо. Дар оғуше, ки эҷоз асту эҳсон асту армон аст, Дилам бар ёди он рӯзу шабонгоҳ сахт пазмон аст! Ки Эзид бо ту тақдирам бипайваст. Хушо он соат, ки пеш аз марг аз як дарди ширинест,
припев.
Дар оғуши ту мемирам! Дар оғуше, ки аз гармии ҷонсӯзи танат сӯзам. Дар оғуше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам, Дар оғуши ту мемирам! Дар оғуше, ки бо раҳми хазонҳо сабзу гулпӯшам! Дар оғуше, ки аз эҳсоси ларзишҳои рӯёиш мадҳушам! Дар оғуше, ки бори зиндагӣ меафтад аз дӯшам! Дар оғуше, ки мегардад ҳама дунё фаромӯшам! Дар оғуше, ки ҷои доду фарёд аст, хомӯшам!
Маро ин ганҷ чи давлат аст, ки бо ту ҳамоғушам! Дар оғуши ту мемирам!
перевод на русский: ======= припев ================ Я умру в твоих объятиях, в объятиях, что теплом любящего тела согревает меня в объятиях, что из губ мягких твоих напиваюсь вином я
Я умру в твоих объятиях, в объятиях, что вопреки осени все еще цвету я! в объятиях, что от трепата прикосновений теряю сознание!
в объятиях, что сбрасывают с плеч моих тяготы жизни! в объятиях, что весь мир застывает в забвении! в объятиях, что прекращают плачь и крик души моей!
Мне не надобно добра другого, чем с тобой еще обнявшись, умереть в твоих объятиях!