Ҷоно,
Ман ин тарона баҳрат бихонам,
То ту бидони, дӯстат медорам.
Бингар,
Ғарқи қаму дард
Ғарқи азобам,
Ғарқи ҷафоям,
Чӣ сон нанолам.
Бишнав садои маро,
Бингар, ғарқи андӯҳу дардам,
Рафтиву гуфти наё.
Ман аз раҳи ишқат нагардам.
Баҳри ту эй носазо,
Ман ҳастиямро сарфа кардам.
Ту мисли маҳ дар само,
Ман дар хаёли ту абри сардам.
Биё ҷоно,
Бишнав маро.
Бишнав нидои ин қалби шайдо.
Дигар нагзор маро танҳо,
Дунёи ишқи ман бо ту зебо!
Биё ҷоно ,
Бибар ғамро,
Масӯз ту ошёни ишқамро,
Намебини, ки месӯзам,
Даруни ин ғурбату ғамҳо.
Ё рабб,
Бингар ба ҳолам,
Бепару болам,
Афсурдаҳолам,
Ман бемадорам.
Ё рабб
Қисмат ҳамин аст,
Тақдир ҳамин аст,
Ё ишқ чунин аст,
Бигӯ бароям.
Раҳме намо, эй Худо,
То ҳастиямро пас бигирам,
Озод зи дардам намо,
Ё бар, ту ҷонам,
То ман бимирам.
Ин сина пур аз алам,
Дар банди зиндонам, асирам.
Сӯям намо як назар,.....
То аз нигор айшам бигирам........ СИНО...https://www.youtube.com/watch?v=Gv32ZIFUK-U&feature=youtu.be
Be tu... еще тексты
Другие названия этого текста
RUSTAM AZIMI - AZ MAN RAFTI (0) Be tu... - AZ MAN RAFTI (0)
Оценка текста
Как вам текст?
1 out of 5
2 out of 5
3 out of 5
4 out of 5
5 out of 5
Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 2