Бароӣ субҳидам аз хандаи гул,
Равону соф чун овози булбул.
Аҷаб нарми аҷоиб беғуборӣ.
Чу шарми духтарони кӯҳсорӣ.
Дамиданҳои чун субҳи сафоят.
Кунад аз равшанӣ бо ман ҳикоят.
Ту хомӯшию сад оҳанг дорӣ.
Зи гулҳо бӯй дорӣ,ранг дорӣ.
Чу нози духтарони шӯхӣ Дарвоз.
Чи ширини,аё сарчашмаи ноз.
Биё,лабро ба лабҳои ту монам.
Ғами деринаро аз дил биронам.
Бинӯшам об аз оби ҳаётат.
Барам бо гӯшаи дунё сифотат.
Туро,ёри ҷавонӣ,ёд кардам.
Ба ёдат мазрае обод кардам.
Даврон Алиматов еще тексты
Оценка текста
Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 3