Эй нозанин, гулнози ту дурдона дона
Оғуши созу розӣ ту - гулхона хона
То зулфи анбарбӯйи ту шуд шона-шона
Шаҳре пур аз афсонаву мастӣ тарона
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Ҷонона ҷавлони туро дарё надорад
Гулрезӣ домони туро саҳро надорад
[2x]
Зебо, зебо, ай зебо, эй рашки гулҳо [2x]
Лабханда-а тӯфон зада дар ашки гулҳо [2x]
Эй нозанин, гулнози ту дурдона дона
Оғуши созу розӣ ту - гулхона хона
То зулфи анбарбӯйи ту шуд шона-шона
Шаҳре пур аз афсонаву мастӣ тарона
Сад ошиқӣ ошуфта, дарди дилаш ногуфта
Он лайли хандони туро раъно надорад
Олам ба ту дилбаста, ҷонҳо туро пайваста
Бо зорӣ гардони туро савдо надорад
Ин номаи сарбастаро
Ин шакари нашикастаро
Ин шодӣи пайвастаро
- рӯё надорад
Эй сафоят - оина
Эй садоят - ганҷина
Эй навоят ҷуз сина
- маъво надорад
Эй нозанин, гулнози ту дурдона дона
Оғуши созу розӣ ту - гулхона хона
То зулфи анбарбӯйи ту шуд шона-шона
Шаҳре пур аз афсонаву мастӣ тарона
Дамирбек Олимов еще тексты
Оценка текста
Как вам текст?
1 out of 5
2 out of 5
3 out of 5
4 out of 5
5 out of 5
Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 1