Гуру Песен Популярное
А Б В Г Д Е Ж З И К Л М Н О П Р С Т У Ф Х Ц Ч Ш Э Ю Я
# A B C D E F G H I J K L M N O P Q R S T U V W X Y Z

Джурабек и Джонибек Муродовы & Валиджон Азизов - Ало шодоб сохилхо | Текст песни

Ало, шодоб сохилхо,
Ба кадри обхои чори мебояд расид имруз
Ки рузе хушк хохад шуд.

Ало, зебои махфилхо,
Ба кадри хар чароги давра мебояд
расид имруз,
Ки рузе аз шамоли ходиса хомуш хохад шуд.

Ало, рахчуи манзилхо,
Ба кадри рахкушои аввалин бояд расид имруз,
Ки фардои Шумо хам як замоне душ хохад шуд.

Шумо имруз агар аз толеъу бахту насиби хештан мастед,
Дар огуши бихиштии дилбарони гулбадан мастед,
Зи атри гесувону кокулони пуршикан мастед,
Замоне завкатон аз кори дунё пир хохад шуд,
Замоне навбати базми мухаббат дер хохад шуд.

Ало, беаклу бегамхо,
Ки фарки сурати сират намедонед,
Ба кадри нозхои ёр мебояд расид имруз,
Ба кадри лахзаи дидор мебояд расид имруз:
Ба кадри соки симину ба кадри чехраи бечин,
Ба кадри ёри гулрухсор мебояд расид имруз,
Ки рузе пиру номаргубу пурожанг хохад шуд,
Бахори чилвааш пажмурдаву беранг хохад шуд.

Ба пои он нихоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошики доред накди рузгори хуш,
Намедонед, рузе шоххои он,
Шуморо чуби боми гур хохад шуд!

Ба базме пеши чашмони Шумо гар ёр мераксад,
Ба худ чун мавч мепечад, зи сар то пой меларзад,
Агар кадраш намедонед,
Хамчун Зухраи раккоса
Рузе то фалакхо дур хохад шуд!

Ало, эй сохибони вакт,
Вакти хеш дарёбед.
Шумо холо чавону комрону шодмону зиндаед охир!

Чу рузе бар мазори сард мехобед,
Ачал бахри Шумо фурсат нахохад дод,
Ки хар нодидаро бинед,
Гули ночидаро чинед,
Ва як дам дар гами гумкардахои хештан гирьед,
Ва як дам он чиро нагрифта будед аз чахон, гиред.

Шумо, эй сохибони вакт,
Биштобед!
Биштобед!

Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 1
Видео
    Нет видео
    -