Гуру Песен Популярное
А Б В Г Д Е Ж З И К Л М Н О П Р С Т У Ф Х Ц Ч Ш Э Ю Я
# A B C D E F G H I J K L M N O P Q R S T U V W X Y Z

Искандар Файзиддинов - Ишки ту буд "...была твоя любовь" | Текст песни

Чаро? Чаро аз вадаи худ дер карди?
Ҳавасҳои диламро пир карди?
Басо бигузашт,
басо бигузашт бар ман ҷабри тақдир
Ту ҷабри бадтар аз тақдир карди
Чаро? Чаро аз вадаи худ дер карди?

Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд
Гулбони шодмонӣям ишқи ту буду мурд
Болам дигар шикаставу авҷам нишастаст
Парвози осмониям ишқи ту буду мурд [2x]

Акнун дили диловарам хун гиря мекунад
Умеди ин ҷаҳониям ишқи ту буду мурд
Ман чун дарахти тирамаҳ бебаргу бенаво
Умеди бехазониям ишқи ту буду мурд [2x]

Акнун сари мазори дил фарёд мекунам
Акнун сари мазори ишқ афсӯс мехурам
Бахти накӯкориям ишқи ту буду мурд [2x]

Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд
Гулбони шодмонӣям ишқи ту буду мурд [2x]

Искандар Файзиддинов еще тексты


Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 1
Видео
Нет видео
-