Дӯстон, то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед,
Бо нигоре дар ҷаҳони пурнигор ошиқ шавед.
Пилтаҳои кокули ёре агар бар бод рафт,
Бо ҷамолакҳои мӯи обшор ошиқ шавед.
Гар саре доред сабзу лоиқи дори баланд,
Бо баёзи гардани занҷирадор ошиқ шавед.
Гар диле доред лабрези ҷунуну иштиёқ,
Бо гули рухсораи доимбаҳор ошиқ шавед.
То қароре аз сипеҳри беқарор ояд ба даст,
Бо дили дӯшизагони беқарор ошиқ шавед.
Беканориҳои дунё то бигунҷад дар канор,
Бо канори дилбарони ҷоннисор ошиқ шавед.
То ба қадри зиндагию нақдҳои он расед,
Бар ҷабини пурғами санги мазор ошиқ шавед.
Гар набитвонед аз дарёи пуртӯфон гузашт,
Лоақал як бор бо мавҷи канор ошиқ шавед.
Мисли гул як бор дар субҳи ҷавонӣ бишкуфед,
Мисли ман ҳар дам ба ҳусни рӯзгор ошиқ шавед.
Гар чу ман хоҳед ҷустан чашмаи бахти сафед,
Зинҳор, эй дилсафедон, зинҳор ошиқ шавед.
Исроил Файзидинов еще тексты
Оценка текста
Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 3