Нигина:
Рафтию умрам шуд сипар, ишқи ту аз ёдам нарафт [2x]
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт [2x]
Нозу итоби ман бирафт, аз дида хоби ман бирафт [2x]
Омад суроғам чашми тар, ишқи ту аз ёдам нарафт [2x]
Саҳобат:
Таркам намуди, бевафо бе хайру бе узру дуо,
Ман мондаму чашми барот, ишқи ту аз ёдам нарафт.
[2x]
Нигина:
Ман мондаму чашми барот, ишқи ту аз ёдам нарафт,
Нигина + Саҳобат:
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт.
Саҳобат:
Дар интизорат рӯзу шаб, ҷонам ба лаб омад ба лаб
Дил хаставу, ҷон хастатар, ишқи ту аз ёдам нарафт
Нигина:
Сад раҳ давидам ноумед, боли ҳумоям нопадид
Мурғи дилам бе болупар, ишқи ту аз ёдам нарафт.
[2x]
Саҳобат:
Мурғи дилам бе болупар, ишқи ту аз ёдам нарафт
Нигина:
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт,
Саҳобат , Нигина:
Гуфтам ба дил ёдаш макун, беҳуда фарёдаш макун [2x]
Нигина + Саҳобат:
Ў лоиқи ранҷи ту нест, ҳеҷ асту бунёдаш макун [2x]
Ишқи ту аз ёдам нарафт [2x]
Нигина А. ва Сабохат Н. еще тексты
Оценка текста
Статистика страницы на pesni.guru ▼
Просмотров сегодня: 2